Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

меёбам, харҷ карда, ош пазонда хӯрам? «Ҷон хонаи мардум, на ғами обу на ғами ҳезум» гуфтаанд касони ҳирадманд, — гуфт...»1.

Зарбулмасалу мақолҳо дар типикунонидани забони персонажҳои асари бадеӣ низ роли муайяне мебозанд. Масалан, дар порчаи зерин зарбулмасали «Моли мӯъмин — хуни мӯъмин», ки аз забони рӯҳонӣ гуфта шудааст, барои аксарияти рӯҳониён характернок мебошад.

«Қозӣ афсӯс хӯрда:
— Худо аҷрашро яке бар даҳ карда расонад! Чӣ қадар пулро дуздондед?
— Он қадар пули қазой не, як маблағи андак буд, ҳамин тавр бошад ҳам, пул гум кардан ба кас бисёр алам мекардааст.
— Албатта, албатта, «Моли мӯъмин — хуни мӯъмин» гуфтаанд, аз бадани кас хун барояд, андак ҳам бошад, алам мекунад. Ба ҳокимони Бухорои шариф арз накардед?»2.

Ба ҳамин тариқ, зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои бадей ҳамчун санъатҳои бадеӣ ва ҳамчун воситаи ба вуҷудоварандаи образҳои типӣ роли муҳим мебозанд. Барои ҳамин ҳам А. М. Горький ба нависандагон маслиҳат додааст: «Умуман зарбулмасалҳо ва мақолҳо, — мегӯяд ӯ, — тамоми таҷрибаҳои зиндагӣ, иҷтимоию таърихии халқи меҳнатиро ба таври намунавӣ ифода менамоянд ва ба нависанда синос шудан бо материале, ки мисли ангуштони мушт фушурда шудани калимаҳоро меомӯзонад, хеле зарур аст»3.

Агар дар насри бадеӣ зарбулмасалу мақолҳо айнан, пурра ва қариб ҳамеша бетағьир истифода бурда шаванд, дар назм шоирон онҳоро дар се намуд кор мефармоянд.

Намуди якум, айнан дар таркиби худ истифода кардани зарбулмасалу мақолҳо. Чунончӣ:

Аз ахгари инқилоби мо сӯхт
Дунёи ситамгарон чу хошок.
Афсӯс махӯр, ки сӯхт олам,
Баргӯй, ки «Хас каму ҷаҳон пок»4

Намуди дуюм, бо андаке тағьироти таркибӣ истифода кардани зарбулмасалу мақолҳо. Чунончӣ:

Душмани камбағалон боз ба пеш омадааст,
Гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст.5

Намуди сеюм, истифода бурдани мазмуни зарбулмасалу мақолҳо. Чунончӣ:

1 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 4, Сталинобод, 1961, саҳ. 57.
2 С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 2, Сталинобод, 1960, саҳ. 109.
3 М. Горький. О литературе, стр. 329.
4 С. Айнӣ. Ашъори мунтахаб, Сталинобод, 1958, саҳ. 329.
5 А. Лоҳутӣ. Куллиёт, ҷ. 2, Сталинобод, 1961, саҳ. 18.

пешина
аз 295
навбатӣ