Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

ЧИСТОН

Чистон яке аз қадимтарин жанрҳои эҷодиёти даҳонакии халқ буда, дар ҳаёти маънавии халқ мавқеи нисбатан калонро ишғол карда меояд.

Калимаи «чистон» аз саволи «чист он?» ба вуҷуд омада, ҳамчун истилоҳ дар фолклоршиносии тоҷик қабул шудааст. Истилоҳи китобии чистон «луғз» аст.

Мавзӯъ ва мазмуни чистонҳо хеле гуногун ва доманадор аст. Предмет ва ҳодисаҳои табиат, ашъёи рӯзгору олоти меҳнат, хӯрокворӣ, парранда, ҳашарот, ҳайвонот ва ғайра, илм ва техника, хулоса ҳамаи он предмету чизҳое, ки дар зиндагии инсон мавқеи муҳим доранд, мавзӯъ ва мундариҷаи чистонҳоро ташкил додаанд. Бо мурури замон ва дар натиҷаи тараққиёти ҷамъият доираи мавзӯи чистонҳо дигаргун ва васеъ шудан мегирад. Пайдо шудани предмети нав, ба тарзи тоза эҳсос гардидани ҳодисоти табиат ва зиндагӣ, мушоҳида ва хулосаҳои нави одамон дар ҳар давраи таърихӣ боиси ба вуҷуд омадани чистонҳои нав гардидаанд. Бинобар ин чистонҳо низ барои донистани фикру зикри мардуми меҳнаткаш, тарзи ҳаётгузаронии онҳо, таърихи ҳаёти хоҷагӣ ва мадании онҳо ҳамчун манбаъ, ҳамчун ҳуҷҷати муҳим хизмат карда метавонанд.

Тарзҳои эҷоди чистон. Дар чистон аломат ва хусусиятҳои аниқу муайяни ин ё он предмет ба воситаи киноя, маҷоз, муболиға, ташбеҳ, ташхис ва ғайра баён мешавад. Чунончӣ, дар мисолҳои зерин шакл ва ранги предметҳо тасвир ёфта, дар бунёди чистонҳо роли асосӣ бозидааст: «Гилеми калони ранга, дарунаш пури танга» (осмону ситораҳо); «Сандуқча пури мехча, на дар дорад, на дарича» (анор); «Он чист, ки ба гурда монанд, пӯшида кафан ба мурда монанд?» (лӯбиё); «Гови зард таги гови сиёҳро мелесад» (дег ва олов) ва монанди инҳо.

Чистонҳо махсусан зиёд вомехӯранд, ки дар онҳо вазифаи предмет зикр мегардад: «Ғуломи сиёҳаки мо, хонапояки мо» (қулф); «Аспи сиёҳи мардум, на ҷав мондааст, на гандум» (осиёб); «Аз ин дарак ба он дарак, меҳмонаки хазандарак» (элак).

Дар як гурӯҳ чистонҳо садои предмет ба назар гирифта мешавад: «Рӯз шап-шап, шаб як шап» (дар); «Курт-куртаки бехи бурс, не хук мехӯрад, не хирс» (табар), «Осмон ялаққӣ, замин тараққӣ» (каланд).

Қайду рад кардани сифатҳое, ки ба предмети чистоншаванда мансуб аст, яке аз усулҳои чистонофарӣ ба шумори меравад: «Таг санг, санг нест, рӯ санг, санг нест, чор по дорад, гов нест морсар аст, мор нест» (сангпушт); «Зард асту зардолу не, сафед асту шафтолу не» (тухм).

Бисёр чистонҳо дар асоси шумора сохта шудаанд, ки онҳоро чистонҳои риёзӣ (арифметикӣ) ҳам мегӯянд: «Дар як таксари чил сар, болои чил сар бори сад хар» (болор, вассаҳо ва хоки бом; «Худаш якта, чашмаш садта» (элак); «Якта задам,

пешина
аз 295
навбатӣ