Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

ФарҳангАдабиётАфсона
Аз аввал хондан

баланд» (зин); «Сандуқча-пури мехча» (гӯгирд); «Тагаш суфача, болош садача» (шалғам); «Тобистон бозор, зимистон мазор» (ток). Дар ин гуна чистонҳо ҳолат, сифат ё хусусияти предмет ниҳоят кӯтоҳ ва мушаххас баён шудааст. Тасвир ва нақли предмети пинҳондошташуда ба воситаи монанд кардан ба предмети дигар имконият медиҳад, ки ёбандаи чистон он предметро тасаввур кунад. Масалан, сандуқча — қуттии гӯгирд, яъне дар ин ҷо монандӣ умумӣ ба сандуқча мушоҳида мешавад. Пури мехча — пури гӯгирдчӯб, дар ин ҷо ҳам мехча ва гӯгирдчӯб шабоҳати том доранд.

Бояд қайд кард, ки барои чистон ҷой доштани ҳатто монандии андаки предметҳо, ҳодисаҳо, вазъиятҳо ва ё амалиёт ва ғайра кифоя аст. Дар воқеъ, тасвиру нақли мукаммали предмети пинҳондошташуда чистон шуда наметавонад ва дар он сурат меъёри жанри чистон вайрон мешавад. Дар чистон меъёри хоси тасвиру нақл мавҷуд аст, ки санъати бадеӣ ва услубии чистон маҳз дар он зоҳир мегардад.

Дар чистонҳои мураккаб хосияту узвҳои предмет ба воситаи маҷоз, ташбеҳ, истиора, тавсиф ва ғайра тасвир ва ё нақл карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар ин гуна чистонҳо ҷумлаҳо низ аз ҷиҳати грамматикӣ мукаммал мебошанд. Чунончи:

Аҷоиб лӯъбате дидам дар ин дор,
Сараш панҷу танаш панҷу нафас чор,
Ба ҳашт по меравад, даҳ даст дорад,
Ду пои дигараш болои сар бор.
(Тобут ва мурда)

Ё ин ки:

Чист он лӯъбат, ки дорад сад синон болои сар,
Безабон, бечашму гӯшу ҷон, дорад болу пар.
Одамӣ ӯро ба қаҷханҷар кунад забту ҳалок,
Аз ақиби ҳар синонаш лаълу дур ояд бадар.
(Хӯшаи гандум)

Дар як қисми чистонҳои мураккаб хаёлоти бадеӣ образи предмети чистоншударо мукаммалу барҷаста кардааст, ки ин даъворо мисоли зерин тасдиқ карда метавонад:

Ях гиёҳе дар замин рӯяд, ки онро ҳар хӯрад,
Гар ба дасти шоҳ афтад, мулки Искандар хӯрад,
Рафтанаш роҳи сафед, қай карданаш хуни сиёҳ,
Аз давидан гар бимонад, бар сараш ханҷар хӯрад.
(Найқалам)

Чистонҳо ҳатман дорои вазну қофия мебошанд ва хусуриятҳои шеърии онҳо дар шаклҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд.
Масалан:

Тагаш санг, санг нест,
Болош санг, санг нест.

пешина
аз 295
навбатӣ