Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
«Гови зард ишками гови сиёҳро мелесад» (алав ва дег); «Меравад, меравад, танга барин ҷойро гирифта меистад» (асо); «Ду бародарони ҳамсоя, ҳамдигарро намебинанд» (чашм) ва хока-30.
Як силсила чистонҳои тоҷикӣ бо формураи махсус оғоз меёбанд, ки он се намуд дорад ва бештар дар чистонҳои мураккаб дучор мешавад:
- «Чист он» ё ин ки «он чист».
Чист он хонаи равон ба ду дар...
Он чист, ки ӯ ба гурда монанд... - «Чист он лӯъбат».
Чист он лӯъбати писандида... - «Аҷоиб лӯъбате»
Аҷоиб лӯъбате дидам, ки дум дорад.
Хусусияти чистонҳои дар замони мо истифодашаванда ва чистонҳои навэҷодшуда ба дараҷаи донишу ҷаҳонбинии бачагон ва табаддулоти бузурги иқтисодӣ ва мадании ҳаёти мо мувофиқ кунонида шудаанд. Мавзӯъҳои чистонҳои нав бештар бо илму дониш, техника ва предметҳои маишии ҳаёти имрӯзаи одамон алоқаманд мебошанд.
Баъзе чистонҳои нав дар асоси приёмҳои бадеии чистонҳои қадима сохта шуда, маънои предметҳои навро ифода мекунанд: «Аз Ашад то Машад, гап мезанад пинҳонӣ» (телефон), Шакли қадимиаш: «Аз Ашад то Машад, хабар барад пинҳонӣ» (мактуб); «Ҷон надорад, роҳ меравад, даҳан надорад, дод мезанад» (паровоз). Шакли қадимиаш: «Ҷон надорад, роҳ меравад, бо пиракӣ хоб меравад» (асо); «Аз ин ҷо то Ҳисор, метозад қатор-қатор» (поезд). Шакли қадимиаш: «Аз ин ҷо то Ҳисор, меравад қатор-қатор» (мӯрҷа).
Ба ҳамин тариқ, чистон дар фолклори тоҷик мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин жанри қадимӣ, ки ба фаъолияти меҳнатии одамон ва ҳаёти хоҷагии онҳо алоқаманд мебошад, дар рӯзҳои мо махсусӣ барои бачагон дар бобати тарбияи завқи бадеӣ, парвариши зеҳн, дарккунии ҳодисаҳои ҳаёт, омӯхтани боигарии забони халқ ва монандии инҳо аҳамияти калон дорад. Барои ҳамин ҳам дар китобҳои хониш ва маҷмӯаҳои асарҳои бадеии барои бачагон иншошуда чистонҳоро бисёр дохил мекунанд.
АДАБИЁТ
- А. Сӯфиев. Чистонҳои халқии тоҷикӣ, Душанбе, 1972.
- Чистонҳо. Ҷамъкунанда ва тартибдиҳандагон Р. Амонов, Я. Калонтаров. Сталинобод, 1956.
- Чистонҳо. Тартибдиҳанда А. Ҳабибов, Душанбе, 1962.
- Чист он? Тартибдиҳанда А. Сӯфиев. Душанбе, 1973.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё