Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
хандаоварро манзур мегардонад. Орзуи мард дар ибтидо як гули бехор — як духтараки хушрӯяки холдор аст:
Дар кӯҳистон як гули бехор мехоҳад дилам,
Духтари хушрӯяки холдор мехоҳад дилам.
Дар шароити мӯътадили зиндагӣ ин як орзуест, ки аз ҳадди хоксорӣ берун нест. Аммо ин орзу бинобар ба шароит мувофиқат накарданаш (аз байти минбаъда ин вазъият маълум мегардад), ғайриҷиддӣ ва хандаовар ба назар мерасад. Ба замми ин мард орзуҳои дигаре баён мекунад, ки ин аҳвол вазъиятро торафт хандаовар карда, ҳазлу шӯхиро қувват медиҳад:
Духтари хушрӯяки холдор агар пайдо нашуд,
Беваи бебаччаи молдор мехоҳад дилам.
Беваи бебаччаи сермол агар пайдо нашуд,
Аспи нағзу қамчини булғор мехоҳад дилам.
Дар натиҷаи беш аз пеш равшан гардидани номумкинии хоҳишу ниятҳои мард шеър бештар оҳанги ҳазл пайдо мекунад ва дар интиҳо аз рӯи ноиложӣ маҳдуд шудани ин орзу ба шеър маънои хосе мебахшад:
Аспи нағзу қамчини булғор агар пайдо нашуд,
Дар Самарқанд маҳками тоҷдор 1 мехоҳад дилам.
Дар Самарқанд маҳками тоҷдор агар пайдо нашуд,
Дар кӯҳистон шоъили 2 ғамхор мехоҳад дилам.
Дар суруди машҳури «Бузи кабуд», ки ба марсияи пур аз сӯзу гудоз шабоҳат дорад, соҳиби буз аввал фазилатҳои бузашро сифат мекунад:
Буз харидум ай Бокӣ,
Синаҳош мисли тоқӣ.
Шир медодак қаймоқӣ
Вой алами бебузим!
Баъд хабари талаф шудани онро шунида, мисли шахсе, ки аз ҳалокати ягон хеш ва ё дӯсти наздикаш хабар ёфта бошад, бо дили пурандӯҳ ба ҷои воқеа рафтани худро нақл менамояд:
Рафтум, кофтум ҷоҳоша,
Ефтум чон похоша.
Зого кофтан чашмоша,
Вой алами бебузим!...
Пӯсти бузма дойра кадум,
Дар адиро нола кадум.
Чигарма садпора кадум,
Вой алами бебузим.
Панҷ аз ин дар суруд бисёр сифатҳои дигари буз: мисли гов бузург будани он, чолокию хушҳёриаш, манбаи зиндагӣ будани шираш баён мешавад. Бо ҳамин мазмун дар бораи гов, хар, мург низ як қатор сурудҳо паҳн шудаанд.
1 Маҳкам (а)-и тоҷдор — ба маънои идораи ҳокимнишин аст.
2 Шоъил — шоир, одами кушодарӯй, дилсоф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё