Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-интихоби озод дар баррасии масъалаҳое, ки мазмуни созишнома ва шартномаҳои коллективиро ташкил медиҳанд;

-ихтиёрӣ аз ҷониби тарафҳо қабул намудани уҳдадориҳо;

-иҷрои ҳатмии муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективии аз ҷониби тарафҳо қабулгардида;

-ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳо, қарорҳо, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

-назорати мутақобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;

-дурустӣ ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти тарафҳо.

Дар миёни онҳо принсипи ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳо, қарорҳо, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аҳамияти махсус дорад. Тибқи ин принсип барои аз ҷониби тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, намояндагони онҳо иҷро накардани шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, инчунин барои вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонун ҷавобгарӣ муқаррар мекунад.

Назорат аз болои иҷрои шартномаҳо ва созишномаҳои қабулшудаи коллективӣ на танҳо барои ошкор кардани қонунвайронкунӣ аҳамияти калон дорад. Амалисозии назорат имкон медиҳад, ки сабабҳои иҷро нашудани шартномаи коллективӣ ва созишномаҳо саривақт ошкор бартараф ва бартараф карда шаванд. Назорат аз болои иҷрои созишномаи коллективӣ, созишномаҳоро тарафҳои шарикии иҷтимоӣ,

пешина
аз 496
навбатӣ