Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

меъёрҳои қонунҳои меҳнатро дар бар мегиранд, мухолифат кунанд.

Шартномаи коллективӣ яке аз сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат мебошад.

Ҳамзамон, шартномаи коллективӣ метавонад барои кормандон имтиёзҳо ва афзалиятҳо, шароити кореро, ки нисбат ба шароити пешбининамудаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидтар мебошанд, муқаррар кунад.

Мӯҳтаво ва сохтори шартномаи коллективиро тарафҳо, ки ихтиёран аз рӯи шартномаи коллективӣ ба мувофиқа мерасанд, муайян мекунанд. Зимнан, корфармо ҳуқуқ надорад ӯҳдадорӣ ё дигар шартҳоеро қабул кунад, ки онҳо аз доираи салоҳияташ берун бошанд. Дар КМ ҶТ (моддаи 309) рӯйхати тахминии ӯҳдадориҳои тарафҳоро, ки метавонанд ба шартномаи коллективӣ дохил карда шаванд, пешбинӣ шудаанд. Ин рӯйхат хусусияти тавсиядиҳӣ дорад ва мукаммал нест, он ӯҳдадориҳоро оид ба шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнат, имтиёзҳо, ҷубронҳо, механизми танзими музди меҳнат бо назардошти болоравии нархҳо, шуғл, реҷаи корӣ ва вақти истироҳат, аз ҷумла давомнокии рухсатӣ, беҳтар кардани шароити ҳифзи меҳнат, аз ҷумла барои занон ва ҷавонон ва ғайра дар бар мегирад.

Шартҳое, ки ба шартномаҳои коллективӣ дохил карда шудаанд, аз рӯи табиати худ, байни шартҳои ҳатмӣ, танзимотӣ ва иттилоотӣ фарқ мекунанд.

пешина
аз 496
навбатӣ