Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рӯзи воқеан ба кор шурӯъ намудани корманд бавуҷудомада ҳисобида мешаванд.

Рад кардани беасоси бастани шартномаи меҳнатӣ ва ҳама гуна табъиз зимни он манъ аст. Бо талаби шахсе, ки бо ӯ бастани шартномаи меҳнатӣ рад карда шудааст, корфармо ӯҳдадор аст дар муҳлати 3 рӯзи корӣ сабаби рад карданро дар шакли хаттӣ пешниҳод кунад. Оид ба чунин рад кардани бастани шартномаи меҳнатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Беасос рад кардан аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби квота, роҳхат ва брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад. Рад кардани бастани шартномаи меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест. Бо талаби корманд ва ё мақомоти манфиатдор корфармо ӯҳдадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

Тибқи талаботи моддаи 22 КМ ҶТ тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд. Маҷбур намудан барои бастани

пешина
аз 496
навбатӣ