Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
- занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд;
- кормандони маъюб;
- кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнати зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.
Давомнокии ҳаррӯза ва реҷаи вақти корӣ дар қоидаҳои дохилии меҳнат, шартномаи коллективӣ, дигар санадҳои локалӣ бо нигоҳ доштани давомнокии вақти муқарраршудаи корӣ дар як ҳафта на зиёда 40 соат, дарҷ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, зери мафҳуми вақти кории муътадил давомнокии вақти корие фаҳмида мешавад, ки дар ташкилот тибқи қоидаҳои дохилии меҳнат ва (ё) шартномаи меҳнатӣ бо корманд муқаррар шуда, давомнокии он аз 40 соат дар як ҳафта зиёд нест.
Навъи дуюми вақти корӣ вақти кории кӯтоҳ мебошад.
Вақти кории кӯтоҳ маънои вақти кориро барои категорияҳои муайяни кормандон тибқи КМ ҶТ ва (ё) қонунҳо ба андозаи камтар нисбат ба вақти кории муътадилро дорад. Мутобиқи моддаи 69 КМ ҶТ давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ на зиёд аз 35 соат дар ҳафта муқаррар шудааст.
Давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ вобаста аз
хусусиятҳои физиологии кормандон (синну сол,
саломатӣ), шароити меҳнат (шароити хатарнок,
зараровар), хусусиятҳои фаъолияти меҳнатӣ (сарбории
зиёди зеҳнӣ ва шиддати баланди эҳсосӣ) муқаррар карда
мешавад ва давомнокии ниҳоии имконпазири вақти
кории ҳафта барои ин категорияҳои кормандон маҳсуб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо