Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  • иҷрои корҳо, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатари умум зарур мебошанд;

  • иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти муътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

  • зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки ба иҷро расонидани онҳо бинобар сабабҳои техникӣ, ғайричашмдошт, тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ ғайриимкон аст (агар қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад);

  • иҷрои корҳои муваққатӣ оид ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайрон будани онҳо боиси қатъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад;

  • давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатдор чораҳои фаврӣ андешад;

  • иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ҷамъшавии бор дар нуқтаҳои интиқолу қабули бор ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

Коре, ки аз вақти муқарраршудаи кор зиёд аст, наметавонад изофакорӣ бошад, агар онро корманд дар шароити вақти кориаш ба меъёр гирифтанашуда иҷро кунад.

пешина
аз 496
навбатӣ