Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 11. ВАҚТИ ИСТИРОҲАТ
11.1. Мафҳуми вақти истироҳат
Ҳуқуқ ба истироҳат дар моддаи 37 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири ҳар як шаҳрванд дарҷ ёфтааст.
Қонунгузории муосири меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи онҳое, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд давомнокии муайяни вақти корӣ, рӯзҳои истироҳат ва рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсоларо кафолат додааст. Яъне, корманд дар асоси шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқ дорад аз корфармо риояи вақти муқарраршудаи корӣ, таъмини рӯзҳои истироҳат ва рухсатии пардохтшавандаи ҳарсоларо талаб кунад ва корфармо дар навбати худ вазифадор аст, ки ин талаботро қонеъ гардонад ва барои корманд шароити мусоиди истифодаи истироҳатро фароҳам орад. Дар моддаи 1 КМ ҶТ вақти истироҳат ҳамчун вақте муайян карда шудааст, ки корманд дар давоми он мутобиқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ гардонидани манфиатҳои шахсӣ ва барқарор намудани қобилияти меҳриатиаш истифода мебарад.
Аз ин рӯ, вақти истироҳат ҳадди вақти кориро муқаррар мекунад ва ба корманд имконият медиҳад, ки онро ба манфиатҳои худ истифода барад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо