Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳо;
-шароити бехатар ва мусоиди меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникии бехатарӣ, таъмини сару либоси инфиродии муҳофизатӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зарарнок, нурафкан, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии кормандон таъсири манфӣ мерасонанд).
12.3. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ
Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад. Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъи (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз муайян карда мешавад (моддаи 137 КМ ҶТ).
Нархномаи корбайъ ҳамчун унсури асосии ҳамаи намудҳои низоми музди меҳнати корбайъ, андозаи (ҳаҷми) муайяни подош барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот ё як амали кориро ифода мекунад. Он бо истифода аз формулаҳои зерин муайян карда мешавад:
$$H\kappa = \frac{Cm.\mu.\kappa.}{M\kappa.}$$ ё $H\kappa = Cm.\mu.\kappa., M\varepsilon$, ки дар
онҳо: $H\kappa$- нархномаи корбайъ; $Cm.\mu.\kappa.i$- ставкаи тарифӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо