Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ФАСЛИ I. ҚИСМИ УМУМИ
БОБИ 1. МАФҲУМ, ПРЕДМЕТ, УСУЛ ВА
НИЗОМИ ҲУҚУҚИ МЕҲНАТ
1.1. Мафҳуми ҳуқуқи меҳнат
Ҳуқуқи меҳнат соҳаи мустақиЛИ ҳуқуқ мебошад, ки муносибатҳоро дар соҳаи меҳнат танзим мекунад. Он як соҳаи нисбатан ҷавони ҳуқуқ буда, пайдоишаш ба охири асри XIX ва оғози асри XX рост меояд.
Аввалин силсилаи қонунҳои мустақиЛИ меҳнат дар Англия дар охири асри XIX қабул гардидаанд.
Ҳуқуқи меҳнат дар замони собиқ ИҶШС ташаккул ёфт ва аз ҳуқуқи гражданӣ ҷудо гардид, зеро меҳнат ҳамчун мол ё хизматрасонӣ ба ҳисоб намерафт. Давлат ба корфармои асосӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа ба муносибатҳои бахши кироии меҳнат таъсири маъмурӣ-ҳуқуқӣ, фармоишӣ-назоратӣ, сафарбарсозӣ ва усулҳои мутамаркази меъёрӣ афзуд. Азбаски корфармои асосӣ худи давлат буд ва қонунҳоро низ худаш қабул мекард, ҳуқуқи меҳнати замони Шӯравӣ барои корманд як қатор имкониятҳоро фароҳам оварда буд (масалан, рухсатии дарозмуддат, кафолати бокортаъминкунии ҷавонон, занони синни қобили таваллуд, маҳдудияти асосҳои аз кор озодкунӣ ва ғайра). Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бошад татбиқ намудани ин имтиёзҳо душвор аст.
Дар низоми ҳуқуқии давлатҳои дорои иқтисоди бозоргонӣ зарурати тақвияти ҳифзи меъёрии ҳуқуқи корманд ҳамчун ҷониби аз ҷиҳати иқтисодӣ зайфтари шартномаи меҳнатӣ, эътироф карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё