Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 17. БАҲСҲОИ МЕҲНАТӢ, ТАРТИБИ БАРРАСӢ ВА ҲАЛЛИ ОНҲО

17.1. Баҳсҳои меҳнатӣ ва сабабҳои пайдоиши онҳо

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ кафолати самарабахши ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ мебошад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Риоя накардани қонунгузории меҳнат ва дар робита ба ин, нақзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ, пеш аз ҳама ҳуқуқҳои кормандонро такозо мекунад.

Муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо заминаи меъёрии ҳалли баҳсҳои меҳнатиро ташкил медиҳанд. Тибқи Конститутсия ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахс ҳақ дорад ҳуқуқҳои асосии худ, аз ҷумла ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатии худро бо ҳар роҳе, ки қонун манъ накардааст, дар доираи баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ ва тавассути корпартой, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳимоя намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ муносибатҳои ҳуқуқие ба вуҷуд меоянд, ки бевосита бо меҳнат алоқаманданд. Ин муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии инфиродӣ

пешина
аз 496
навбатӣ