Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар комиссияҳои созиш муносибатҳои мурофиавӣ ва ҳангоми ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мақомоти барои ҳалли ин баҳсҳо таъсисёфта бошад, муносибатҳои расмиётӣ-мурофиавӣ мебошанд.

Баҳсҳои меҳнатӣ вобаста ба тарафҳои баҳс, мавзӯи он, хусусияти баҳс ва бо назардошти он, ки онҳо аз кадом муносибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадаанд, ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ҷудо мешаванд.

Тарафҳои баҳси меҳнатии фардӣ ҳамеша корманд ва корфармои мушаххас мебошанд. Мавзӯи чунин баҳс талаби корманд оид ба барқарор ё эътироф намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ мебошад, ки аз қонунгузории меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, санадҳои меъёрии локалӣ, созишнома ва шартномаи коллективӣ ё аз шартҳои шартномаи меҳнатӣ бармеоянд. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ, аз ҷумла оид ба муқаррар кардан ё тағйир додани шароити кори инфиродӣ, масалан напардӯхтани музди меҳнат, бекор кардани муҷозоти интизомӣ ё оид ба кор барқарор кардан дар робита ба ғайриқонунӣ аз кор озод кардани корманд ва ғайра, ба вуҷуд меоянд. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ, баҳсҳои хусусияти даъвоидошта мебошанд.

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ аз баҳсҳои меҳнатии инфиродӣ бо асоси ба вуҷуд омадан, таркиби субъект, тартиб ва расмиёти баррасӣ ва доираи мақомоти баррасикунандаи онҳо, фарқ мекунанд.

пешина
аз 496
навбатӣ