Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ; ҳимояи манфиатҳои қонунии кормандоне, ки ба ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ гирифтор шудаанд ва аъзои оилаи онҳо; муқаррар намудани ҷуброн барои меҳнати вазнин ва кор бо шароити зарарнок ва (ё) хатарноки меҳнат ва иштироки давлат дар маблағгузории тадбирҳои ҳифзи меҳнат. Татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат тавассути татбиқи амалҳои ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатии ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, ассотсиатсияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагие, ки аз ҷониби кормандон дар масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ваколатдор карда шудаанд, таъмин карда мешавад.

18.2. Талаботи ҳифзи меҳнат

Дар моддаи 38 Конститутсияи ҶТ ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳифзи саломатӣ ва дар моддаи 18 КМ ҶТ бошад, ҳуқуқи кормандон ба шароити солим ва бехатари меҳнат муқаррар шудааст.

Бинобар ин тибқи КМ ҶТ корфармоён ӯҳдадоранд, ки дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнати ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгӯро муҳайё намоянд. Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Санадҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи меҳнат, аз стандартҳои бехатарии давлатӣ, соҳавӣ ва

пешина
аз 496
навбатӣ