Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки маълум аст, яке аз се ҳадафи қонунгузории меҳнат, фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнат барои кормандон мебошад, ки дар ҳамбастагӣ бо принсипҳои баррасишаванда бояд асоси меъёрҳои институти ҳифзи меҳнат бошанд.

Ҳифзи меҳнат ҳамчун ҳуқуқи субъективии корманд ба шароити меҳнати ҷавобгӯ ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ бо як қатор меъёрҳои дар моддаи 18 ва дар дигар моддаҳои КМ ҶТ сабт шудаанд, ифода мегардад. Меъёрҳо оид ба бехатарии меҳнат дар қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо мавҷуданд, аммо асоси ҳамаи онҳо КМ ҶТ мебошад. Дар КМ ҶТ ба ҳифзи меҳнат фасли V «Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат» бахшида шудааст, ки аз як қатор бобҳо (34 - 38) иборат аст.

Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд: таъмини афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон; қабул ва татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи меҳнат, инчунин барномаҳои мақсаднок оид ба беҳтар намудани шароити меҳнат ва бехатарӣ; идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат; назорати давлатӣ аз болои риояи талаботи меъёрии давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат; экспертизаи давлатии шароити меҳнат; муқаррар кардани тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ, мусоидат ба назорати ҷамъиятӣ аз болои риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии кормандон дар соҳаи ҳифзи меҳнат; тафтиш ва ба қайд гирифтани ҳодисаҳои

пешина
аз 496
навбатӣ