Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
мақсадноки ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароит ва ҳифзи меҳнат ва назорати иҷрои онҳо, муайян намудани хароҷот барои ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, муайян кардани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар мақомоти намояндагии ваколатдори кормандон дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи меҳнат ва ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи меҳнат, дохил мешаванд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад, ки низомномаи он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 «Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст. Вазорати мазкур тибқи моддаи 329 ҚМ ҶТ ва низомномааш дар соҳаи ҳифзи меҳнат ваколату вазифаҳои зиёде дорад, аз ҷумла:
-
таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;
-
таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи ваколати худ;
-
ҳамоҳангсозии корҳои вазорату идораҳо оид ба ҳифзи меҳнат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор