Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо;

-экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;

  • ба роҳ мондани назорати давлатии риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат;

  • дар мувофиқа бо мақомоти давлатии омор таҳия ва қабули шаклҳои ҳисоботи давлатии омории нишондиҳандаҳои шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;

-таҳияи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;

  • таҳия ва тасдиқи қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

-тасдиқ намудани меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон ройгон додани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ;

-ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

-таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароити меҳнат ва ҳифзи он;

-дигар ваколатҳо оид ба ҳифзи меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ташкили ҳифзи меҳнат, ташхиси давлатии шароити меҳнат (моддаи 354 КМ ҶТ), ки аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гузаронида

пешина
аз 496
навбатӣ