Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо ё тавассути шартномаи меҳнатӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Дар сурати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш, масъалаҳо тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои фардӣ ва ё меҳнатии коллективӣ муқаррар гардидаанд, баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Дар ҳолатҳои бо КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқарраршуда, корфармо бо мувофиқа ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад қабул менамояд. Пеш аз қабули санад, корфармо лоиҳаи он ва асоснокиашро ба намояндагони кормандон пешниҳод менамояд. Лоиҳаи санади корфармо аз ҷониби намояндагони кормандон на зиёда аз 3 рӯзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди он муҳокима мегардад. Қарори намояндагони кормандон бо протокол ба расмият дароварда мешавад, ки дар он розӣгӣ ё норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо дарҷ мегардад.

Дар ҳолати норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо ва ё ҷой доштани пешниҳодҳо оид ба такмили лоиҳа, корфармо ҳуқуқ дорад:

  • ҳангоми розӣгӣ санадро оид ба тағйирот ё иловаҳо бо машварати пешакии намояндагони кормандон қабул намояд;

  • ҳангоми норозӣгӣ машварати иловагиро бо намояндагони кормандон гузаронад.

пешина
аз 496
навбатӣ