Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат дар КМ ҶТ муайян гардидаанд (моддаи 344), ки асосан аз инҳо иборатанд:

  • худмуҳофизатии ҳуқуқи меҳнатӣ аз ҷониби кормандон;
  • ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии кормандон аз ҷониби иттифоқҳои касаба;
  • назорати давлатии риояи қонунгузории меҳнат (аз ҷумла қонунгузории ҳифзи меҳнат) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд;
  • ҳимояи судии ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон.
    Усулҳои зикршударо бо назардошти аҳамият ва нақши онҳо дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, баррасӣ менамоем.

20.2. Назорати давлатии риояи қонунгузории меҳнат (аз ҷумла қонунгузории ҳифзи меҳнат) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои риояи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти ҳудудии он, амалӣ карда мешавад.
Мутобиқи талаботи моддаи 361 КМ ҶТ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, № 299 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъсис дода шудааст.

пешина
аз 496
навбатӣ