Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо, дар суд баромад намоянд.
Барои ба амал баровардани назорати ҷамъиятии санитарӣ дар ташкилотҳо, нозирони ҷамъиятии санитарии онҳо масъуланд.
20.4. Худмуҳофизатии ҳуқуқҳои меҳнатӣ аз ҷониби
кормандон
Худмуҳофизатӣ яке аз роҳҳои асосии ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон маҳсуб мешавад. Гарчанде дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми (истилоҳи) "худмуҳофизатӣ" шарҳ наёфтааст, аммо дар меъёрҳои алоҳидаи он усули мазкурӣ ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон пешбинӣ мешавад. Худмуҳофизатӣ одатан чунин усули ҳимояи ҳуқуқҳо фаҳмида мешавад, ки дар асоси он корманд бидуни муроҷиат ба суд ё мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ амалан аз худ дифоъ мекунад. Ба амали худмуҳофизатӣ корманд вақте даст мезанад, ки вайронкунӣ ё эҳтимолияти вайронкунии ҳуқуқҳои меҳнатии ӯ ҷой доранд. Зимнан, худмуҳофизатӣ бояд мутобиқ ба андозаи ҳуқуқвайронкунӣ бошад ва аз ҳадди зарурӣ барои пешгирии он, берун набарояд.
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ тибқи моддаи
345 КМ ҶТ, корманд пас аз огоҳ кардани корфармо ё
роҳбари бевоситааш ё дигар намояндаи корфармо, метавонад аз иҷрои корҳое, ки бевосита ба ҳаёт ва саломатии
ӯ таҳдид мекунанд, даст кашад. Дар давраи даст кашидан
аз иҷрои кори муайян тамоми ҳуқуқҳои пешбининамудаи
қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор