Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чунин ягонагии ногусастании қобилияти ҳуқуқдории меҳнатӣ ва қобилияти амалкунии меҳнатиро ҳуқуқи субъективии меҳнатӣ меноманд, ки дар шахси дорои синну соли муайян - 15 сола (ба фарқият аз қобилияти ҳуқуқдории гражданӣ аз лаҳзаи таваллуд) пайдо мешаванд.

Тибқи КМ ҶТ (моддаи 21) шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ба синни 15 расида ҳуқуқи субъективии меҳнатӣ доранд. Инчунин, дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонад шартномаи меҳнатӣ баста шавад.

Ҳамзамон, кормандони ноболиғ, яъне то синни 18 солагӣ дорои имтиёзҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошанд, масалан, дар бахши ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар бахшҳо, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври мушаххас муқаррар шудаанд.

Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва инкишофи маънавии ноболиғон Конститутсияи ҶТ дар корҳои

пешина
аз 496
навбатӣ