Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
ба воситаи мақомоти намояндагии худ дар гуфтушунидҳои коллективона ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;
-
ба таҷрибаомӯзӣ (коромӯзӣ), тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмилии [такмилии] ихтисоси худ бо тартиби муқаррарнамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
барои рӯёнидани ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки ӯ расонидашуда бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ;
-
ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
-
ба кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла ҷуброни хароҷоти моддӣ ҳангоми кӯчидан ба ҷои нави истиқомат вобаста ба кор тибқи муқаррароти КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо ҳама воситаҳои ба қонун мухолифатнадошта;
-
ба пардохти музди баробар барои иҷрои кори якхе- ла;
-
муроҷиат намудан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ба комиссияи созиш ё суд;
-
ба ҷои кори таҷҳизонидашуда тибқи талаботи қо- идаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё