Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Иқа наёз!
Ё ҷим шин,
Ё ҷои дигар шин!!
Бо қаҳру ситеза аз назди ин бодича хестанӣ будам, ки дар ҳамин асно як мардаки қадпастаки сиёҳчеҳра дари синфро кушода, бе иҷозат дарун даромад. Аммо муаллими сахтгирамон вайро барои ин беинтизомиаш сарзаниш накард. Баръакс, парида аз ҷой хесту моро низ ҳадаҳа рост кард:
— Хезед! Хезед! Директор омаданд! Директори шаҳкосачашм одами фармонфармое будааст. Вай дастонашро шоф барин алвонҷ дода, ин сў он сў қадамзанон, муаллими бечораамонро хеле сўҳон кард:
— Ин корат нағз не, муаллим! Аз саршавии дарс як ҳафта гузашту то ҳол духтарак бо духтараку писарак бо писарак шиштааст... Ин камбудӣ зуд ислоҳ шавад!
Баъди рафтани директор роҳбари синфамон камбудиашро даррав ислоҳ карданӣ шуда, ҳамаро аз ҷой хезонд. Духтарчаҳоро як тараф, писарҳоро тарафи дигар қатор кард ва гуфт:
— Аз ҳамин рўз эътиборан тарзи нишасти ҳама дигар мешавад, дар як парта як бачаю як духтар мешинанд. Канӣ, партатақсимро сар кардем.
Гап зан, Мавлуда, бо кадоми инҳо мешинӣ?
Мавлуда, вай ҳамсояи дасти ростамон, бе ягон фикру андеша, бо ангушти ишоратӣ маро нишон дод. Ман, ки навакак аз ғазаб дарақдарақ меларзидам, акнун аз хурсандӣ варақ-варақ шукуфта, бо лаби инҷу дили тинҷ ба Азиз чашмак зада, бо виқор тарафи партаи якум қадам партофтам.
Ин тақсимот ба Азизи пастак пафорид. Вай гурба барин давида пеш баромаду бо овози чирросӣ шавқун бардошт:
— Маълим, ҳой маълим! Истед! Истед! Риёз духтар катӣ намешинад!
Ин кор ба вай айб!
— Чаро айб будааст? — ба шавқ омад муаллим. — О, Риёз, духтарак не, бача-ку!
— Ман ҳам медонам, вай писарак, маълим. Лекин, охир, вай гаҳворабахш дорад-ку! Агар Мўъмина фаҳмад, ки шўчааш ким-кадом духтарак қатӣ шиштааст, ҳама кор ҷазир мешавад...

пешина
аз 80
навбатӣ