Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Мумкин не гуфтам-ку. Ин қадар шаккокӣ накун, бачаҷон!
Аз дили гарм оҳи сард бароварда, бо сари хам кўча баромадам. Ноилоҷ маршрутро дигар карда, назди Азиз раҳсипор шудам. Ҳарду маслиҳатро пазонда, ба кўҳсор лолачинӣ рафтем.
Аз байн як моҳ гузашт. Сўзиши дил рўз то рўз зиёд мешуд. Қариб ҳар шаб Мўъминаро хоб медидам. Номашро ба забон гирам, ҷигарам сих мезад. Рафта-рафта, сина моломоли дард шуд, косаи сабр лабрез гардид. Дартоз ба китобхона рафтам.
— Бува, хонаи холаам меравам!
— Боз минг-минг сар шуд! — модарам, ки дар болои харакчаи пастакаке рост истода, гарду чанги китобҳоро пок менамуд, латтаро болои раф гузошту поён фуромад ва он харакчаро тоза накарда, болояш нишаст.—Дафъаи гузашта гуфтам-ку: дигар он ҷо намераван Аллакай фаромўш шуд?
— Дар ёдам ҳаст, бува. Лекин... охир... Мўъминая пазмон шудам...
— Ин қадар сабук нашав, бачаҷон. Дар ана ин китобҳо навишта шудааст, ки «сабр кунӣ аз ғўра ҳалво мепазад». Фаҳмидӣ?
— Ин гапа медонам, бува. Лекин як чизи дигарро донистан мехоҳам.
— Чиро?
— Оё дар ҳамин китобҳо навиштаанд, ки Мўъминаро дидану бо вай хамсўҳбат шуда-ни ман номумкин аст?
— Ин хел гап дар ягон китоб нест, бачаҷон. Лекин таомул ҳамин хел...
— Таомулаш чӣ?
— Расму одати мардум. Таомули гаҳворабахш ҳамин, ки домодшаванда ба воя расад, бо арўсшаванда рў ба рў намеистад... Уф-ф... Аз такрор ба такрор гуфтан, даҳонам мў бароварду ҳеҷ не, ки сарфаҳм равӣ! Э, войэ...
— Инашро фаҳмидам. Лекин боз як чизи дигар монд: ману Мўъмина ба ҳамдигар хат навишта метавонем?
— Инашро намедонам—бо зарда ҷавоб гардонд модарам ва аз кисааш даҳсўмаро бароварда, бо оҳанги мулоимтар гапашро давом дод. - Каллаи маро гаранг накарда, беҳтараш, ма, ана ин пулро гиру шаҳр рав!
Сайру саёҳат карда, ғубори дилатро бароварда меоӣ...

пешина
аз 80
навбатӣ