Гаҳворабахш

— Надонам, оча... Агар дили вай ба хондан кашол бошад, нағз мешавадкуя...
— Ие, ҳамии ҳам гап шуд-у! — боз ба сўҳбати мо халал расонд Азиз. — О, ҳар дуятон гаҳворабахш-ку! Аз сирри дили Мўъмина ғайри ту боз кӣ хабардор шуда метавонад? Як гапҳое мезанӣ, ки на дар бел меистаду на дар кафлес.
Ин таънаи ногаҳонӣ мисли хор ба дастам халид ва онро даррав дур афканданӣ шуда, гуфтам:
— Мо гаҳворабахш бошем ҳам, аммо чанд сол боз ягон бор рў ба рў ё ҳамсўҳбат нашудаем...
— Эҳ-ҳе... Ҳай кашолаю латтаю сустимуст будаӣ, ҷўра! Қоил, қоил...
— Ман латта не! — худро сафед карданӣ шудам.—Сустимуст ҳам не...
Лекин таомул ҳамин хел бошад, аз дасти кўтоҳи ман чӣ меояд?
— Гапи Риёзбек тўғрӣ! — хайрият маро тарафгирӣ кард Саъбабону. — Гўр ин расму одатҳои сахти мо шавад... Аслаша гирем тамоман зидди ҳамин гахворабахшам.
Ана гапу мана гап: о, ин Антенабону чӣ хел махлуқ-а? Худаш-ку хобу хаёл дида, модарамро ба гаҳворабахш талқин карда буд. Аммо ҳоло мегўяд, ки «зидди гаҳворабахшшам». Ба кадом сухани вай бовар кардан даркор?!
— Аз гапи ман ҳайрон нашавед, Муллориёзбек! —Саъбабонуи рамузфаҳм аз ранги рухсори ман фикри дар сар доштаамро бехато хонд. — Аввалҳо хеле хом будам. Вале ноомади кори чандин гаҳворабахшҳоро дида-дида, пухта шудам. Агар хоҳед, як мисол гўям:
— Гуфтан гиред, оча! — хитоб кардам андак ба шавқ омада. — Бе ин ҳам вақти холиамон бебаркаш-ку!
— Хуб шудааст, Муллориёзбек, гўш доред: як дугонаи ҳамкаду ҳамсоле доштам, номаш Дилбар. Вайро аз хурдӣ ба Фаррух ном амакбачааш гаҳворабахш карданд. Яъне, агар дигар хел карда гўем, акою додар қудо шуданд. Ба рафтуомад ва додугирифти нағзи онҳо ҳаваси кас меомад...
Вақте ки духтарак шонздаҳсола шуд, қудоҳо бомаслиҳат қарор доданд, ки аввал сафедорҳои дар ҳота бударо мекўчонанду барои ҷавонҳо хонаи нав месозанд ва сонӣ аз паи тўй мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё