Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Ҳазл кардам, буваҷон!—гуфтам сохтакорона хандида.—Ба шумо чӣ шуд? Маед, ин чойро нўшед! Ҳисоб-яку нол, ба фоидаи ман...
Баъди нўшидани ду-се қулт чой модарам саҳле ба худ омад.
— Ҳе, гўр ҳазли хунукат шавад, тирмизак! Заҳраам пок-покиза дарид-а!
Қариб буд дилкаф шавам... Хайрият, ки ҳазл будааст...
— Як шўхӣ кардам-да, бува. Чӣ ин қадар тарсидед? Агар бо Мўъмина хонадор нашавам, магар замин метаркад?
— Эҳ, Риёзбек-а! Ту ҳоло ҳам гўсолаӣ... Дунёро намефаҳмӣ... О, агар ту Мўъмина катӣ хонадор нашавӣ, медонӣ чӣ мешавад?
— Холаам се-чор моҳ ва агар ҷо-о зиёд равад, як-ду сол қаҳр мекунаду баъд оштӣ мешавад...
— Не, бачачон, ин хел намешавад. Хайрият, ки худат гап сар кардӣ, акнун шунав: рафту агар бо айби мо гаҳворабахш вайрои шавад—ману холаат зиндаҷудою мурдаҷудо мегардем. Яъне, ба тўю сур ва азою мотами ҳамдигар намеравем. Ин ҷудоӣ ҳафт пушт давом мекунад:
ҳатто чевараҳои тую холабачаҳоят бо якдигар зид ва ногап мешаванд, Онҳо, ки поканд, ҳамеша бебоканд ва солиёни дароз авлоди моро маломат мекунанд...
— Ўҳ-ҳу-у... Кор тамоман расво мешудааст-ку! Дар урфият «ҳаром мурдани гўсоларо медонистам, ба ду чакка сабўс мефурўхтам» мегўянд.
Ман ҳайрони онам, ки оқибати вазнин доштани гаҳворабахшро медонистеду боз ба ин кор остин барзадед-а... Чаро?
— Дар ин дуньё ғайри холаат дигар ягон хешу табор надорам, бачачон.
Гўр ин пешонаи сахти ман шавад, инро бин, ки ғайри ту дигар бачаю кача ҳам надорам. Агар ба ту аз дигар хонадон арўс биёрам, риштаи борики авлоди хурдакаки мо меканад... Ҳамин хел нашавад, авлодамон завол наёбад, гуфта, холаат қатӣ гапро пазонда, тую Мўъминаро гаҳворабахш кардем. Фаҳмидӣ?
— Ҳа. Лекин боз як роҳи нигоҳ доштани авлод ҳаст-ку...
— Кадом роҳ?
— Масалан, фарз кардем, ки ману Мўъмина гаҳворабахш нестем ва ҳар кадоме алоҳида-алоҳида, бо дигарон хонадор мешавем. Агар мо қудо шуда фарзандҳоямонро ҷуфт бандем, магар риштаи авлод канда мешавад?

пешина
аз 80
навбатӣ