Гаҳворабахш

Лекин ин хаёли хом аст: ман ки баъди як сол ним соли дигар соҳиби маълумоти олӣ мешавам, иаход ҳайкалро аз соя, яхмосро аз нишалло фарқ карда натавонам? Тавба! Аз афташ, модарам маро ҳанўз ҳам як бачаи соддалавҳи тарсандаи гапдарои қишлоқи гумои мекунад! Ҳа-ҳа-ҳа! Нақшаи модарам хаёли хому амри муҳол аст: гапу қавли худро ҳатто ним сари мў тағьйир намедиҳам!
— Худ, ки яктоям, гапам ҳам яктост, буна: сиёҳбахт шавам ҳам, девонаю хандахариши мардум гардам ҳам, мурғи беболу пар монам ҳам — Муъминаро ба занӣ намегирам!
Сўзан гиру рпшта гиру чашмонама дуз, Ман кўр шавам, набинамаш шабу рўз!
— Кадом як падарлаънати дилсиёҳи синаи очаш буридагӣ каллаи туро гиҷ кардааст, бачаҷон! Кадом як худобехабари бачамурдаи хонасўхта домани туро бо чормағзи пуч пур кардааст! Ту ҷабран маро хуни ҷигар мекунӣ... Биё, мон, бачаҷон: маро дигар азоб надеҳ... Аз ёд набарор: ба асои касон такья кардан хатост ва касе, ки ба ту роҳ нишон медиҳад, асло тушаи роҳ намедиҳад.
— Ба ман ҳеҷ кас гап ёд надодааст, бува —ғурур иҷозат надод, ки гардан хам кунам.— Маро ки гумон мекунед? Ман ҳамеша бо ана ин каллаю ақли мияи худам кор мекунам!
— Инро ба касе гўӣ, ки туро нашиносад, бачаҷон. Маълум, ки ким кадом беимони хунибини гушатро сахтакак тофта, бо гапи дурўғ дилатро аз Мўъмина ях барин хунук кардааст ва ту бо ҳавои доираи касон арғушт меравӣ... Эҳ, агар ҳамон одами беимонро медонистам...
Чашмонашро кофта, забонашро бурида, гўшти баданашро чанголҳоям катӣ канда-канда хомохом мехўрдам! Исто, ки бачаҷон, мабодо-ку бо Саъбабону ҳамгап нашудӣ?
Аз саволи ногаҳонии модар ва бехато ба нишон расидани тири ў лаҳзае накар шуда, чӣ гуфтанамро надониста мондам. Хайрият, худи модарам мушкил осон карда, ба шарҳу эзоҳ даромад.
— Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ин кампирӣ беимон ба ту гап ёд додаасту ту бо маслиҳати вай ба хонаи занбўр ангушт халондаӣ... Рафту дар ҳақиқат ҳамин хел бошад, дониста мон, ки агар дар деҳа ду туҳматгар бошад, ашаддиаш ҳамин Антенабону аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё