Сояҳои шикаста

Ў аз кисаи бағалаш расмеро гирифта, ба ман дароз кард, дигар хомўш монд. Ҷавон, чи хеле ки ў иброз дошт, хеле хушрў буд ва аз ҷабина осори хирадмандӣ ҳувайдо буд. Дар аввал гумон бурдам, ки ин расми фарзанди ўст, вале ин андешаи ман барғалат буд.
– Ман ба ин расм ҷуз нафрат дар дил дигар чизе надорам. Маҳз ҳамин шакли зебо маро ба чунин биёбони бекасӣ ва танҳоӣ партофт. Эй кош ман аз модар безебу девона тавлид мешудам ва дар чунин залилӣ хешро намедидам. Ман он гаҳ, ҷуз олами маҳдуди худ, хўрдану хуфтан ба чизи дигар андеша намекардам ва чун бад-ин аҳвол хешро зору забун намедидам. Ва баҳри обрўву сазовори эҳтироми мардум шудан худро намефирефтам.
Поёни роҳ
Шаб. Мошини сабукрави «Волга» оҳиста-оҳиста ҳаракат мекард. Чароғони сари роҳ бо одамони равуокунанда ба пас мемонданд. Нодир бо бародараш ба сайр мерафтанд.
– Одам ҳеҷ гоҳ аз рўи завқияти худаш зиндагӣ карда наметавонистааст.
– Чӣ тавр?
– Ҳамин тавр. Фарз кардем. Шумо ҳақиқати ҳаётро романтикона мефаҳмед.
– Мебахшӣ-куя, лекин зиндагии имрўзаи мо на романтикона, балки фантастикона аст.
– Хайр фарз кардем, ки ҳамин тавр, лекин шумо то ба охир ба сухани ман гўш кунед, пас мулоҳизаҳои худро мегўед. Ҳар кас ба зиндагӣ бо идеали худ наздик мешавад. Гапамро тамоман буридед. Ҳа, дарвоқеъ, гуфтанӣ будам. Пас вақте ки ба он наздиктар шинос мешавед, зиндагӣ, тамоми ҳастӣ, умуман ҳаёт бароятон хандаовар менамояд. Он гоҳ ба ҳеҷ ҳодисаву воқеаҳои он бовар намекунед. Мехоҳед дод зада, онро дурўғ бароред. Вале шуморо чизе маҷбур мекунад, ки хомўш шавед ва дарун-дарун худро хароб кунед.
– Чизи монеъгар чӣ будааст акнун?
– Рафти ҳаёти интихобкардаи мардум. Амалиёти одамон ва талоши онҳо баҳри зиндагӣ.
– Фарз кардем, – бародари Нодир суханро боз ба мавзўи аввал кашола карда, мошинро идора карду суханашро давом дод. Табассуми лабонаш шоҳиди он буданд, ки ин муҳокимаронии бародараш ба ў ин қадар маъқул нест, вале ночор бояд гўш кард. – Чихел?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё