Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вай намедонад, ки одам фиреб мехўрад. Духтар ҳамчун ахтари саодати ҷовид чу дарёи нур ба чашми Нодир фурў рафта, дар ниҳондилаш пинҳон мешуд. Ў даруни дил як фараҳмандии ноаёнеро ҳис мекард. Бо забони безабонӣ бо ў сухан мегуфту зери дил тараннум мекард: «Худоё, ин чи саодатест, ки ба ман ато кардӣ. Вайро бо ҳамон нигоҳояш ҳамеша ба ман мансуб гардон». – Шояд ин замзамаҳои ўро ба дили ў мерасонд. Мехост фарёд зада гўяд: «Куҷостӣ, эй боди сабо, маъшуқа ҳамин ҷост?!
Вайро дар хиёбони Фирдавсӣ аз назар гум кард.
Ҳарчанд худро ба ҳар тараф зад, вале ҳайҳот. Касе надид, ки ў куҷо шуд. «Наход, – ба худ андешид, – чунин нашъаи зебои танҳо насиби дидани ман шуда бошад-а. Ё ў танҳо рўъё буд?
Вақте ки ба хона баргашт, ҳаво торик шуда буд.
Пораҳои сарди барф парвозкунон ба сару рўи касе мезад. Боди изғиринг мевазид. Дуд аз даҳону бинияш бурун меҷаст. Сару рўяш лаввас месўхт. Ниҳоят ошуфтаҳол менамуд. Гўё олам барояш аҳамияте надошт. Гўё дар оламе сайр дошт, ки дар он ҷо ба ҷуз садои паҳншавии хаёлот дигар чизе вуҷуд надошт. Ў мехост танҳо дур аз ҳама кас бошад, садои мусиқии бепоён танинандоз гардад. Олами романтикиеро орзу дошт.
– Бале худи худаш, Гулчеҳра, – хаёлоти Нодирро бурида, тасдиқ кард бародараш. Вале дар ин лаҳза Нодир ҳеҷ намехост, ки аз ин хаёлоти ширину рўҳбахш ҷудо шавад. Хаёлоташ ба паҳнои хотирот парвоз мекард. Дилаш суруди ҷовидониро тараннум месохт.

пешина
аз 341
навбатӣ