Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Худашро тамасхур мекард?
Соат шашу панҷоҳ дақиқа буд. Нодир бисту панҷ дақиқа аз мўҳлат пеш рафта буд. Ҳаво хеле торик шуда буд. Дар аудиторияҳо чароғони электрик фурўзон. Дар роҳравҳо одамони кам гаштугузор доштанд. Нодир худаш танҳо рафтуо мекард. Ниҳоят якто-нимто шабхонон аз ҳар ҷо омадан гирифтанд.
Ситораҳо ҷо-ҷои осмон хира-хира медурахшиданд.
Моҳи пурра гоҳ-гоҳ ба зери пардаи тунуки абрпораҳои сиёҳ даромада, пинҳон мешуд. Гўё аз касе хиҷолат кашида ва ё бозӣ карда, рўст мешуд. Барги дарахтон хишир-хишир нағмапардозӣ мекарданд.
Ва бо садои маҳин фарросзанону рақскунон ба атроф бол мекушоданд. Ба назар чунин мерасид, ки гўё шаби лайлатулқадр асту парвози фариштагони зарринро мебинӣ.
Дақиқаҳо паиҳам мегузаштанд, ба монанди шаби ҳаҷр дилгиру дароз. Панҷ дақиқа монд… чор, се, ду… Ана занг ҳам зада шуд. Ҳама донишҷўён ду-ду, се-се баромада рафтанд. Даҳ дақиқа аз шудани занг гузашт. Ҳеҷ дараки Гулчеҳра набуд. «Наход, ки имрўз наомада бошад?!» – ба худ меандешид. Понздаҳ дақиқа гузашт. Дили Нодирро гургҳо мехўрданд. Миҷҷа назада меистод. «Мумкин, гузашта рафта бошад. Не. Дар ҳар гурўҳ кофтам, набуд».
Хост, ки баргашта равад. Вале ҳамон замон аз дар тоқа шуд. Танҳо набуд. Бо дугонааш рост ба назди Нодир омаданд.
Онҳо оҳиста-оҳиста, хомўшона роҳ мерафтанд.
Садои ҳазини хазон аз зери по мехест. Касе ҷасорати ин хомўширо вайрон кардан надошт. Нодиру андешаҳо, Гулчеҳра бошад шармгинона аз бари Нодир бо сари ба зер афканда қадам мезад.

пешина
аз 341
навбатӣ