Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳоло худи духтарҳо ин ишқи ҷавонони сатангро нағз мефаҳманд.
– Илтимос, бас кунед. Ман ўро ба никоҳи худ медарорам, ана мебинед.
– Пас мефаҳмӣ, ки тамоми хешу табор, падару модар аз ту рўй мегардонанд.
– Шумо фикр кунед, одам як бор ба дунё меояду дар ҳамин умри кўтоҳи худ ранҷ мебарад, то ки як дами вақташро хуш гузаронад. Вале ана ҳамин гуна андешаҳои шумо баринҳо, мебахшед-куя, ўро талхком мегардонанд, пас ў наметавонад, ки аз рўи хоҳиши худ зиндагӣ кунад, зиндагияшро ба таври мустақилона ба роҳ монад.
– Хуб, аз гуфтаи ту чунин бармеояд, ки барои манфиати нафси худ амал кардан беҳтар аст аз дигар манфиатҳо. Умеди падару модар дар куҷо меравад?
Магар онҳо ба рўзи умед аз ту ҳамин хел одамро чашмдошт буданд. Инро хуб дар гўшат чаконда гир, ки ҳама рафтори одамон қонуни зиндагист.
Хоҳӣ-нахоҳӣ аз рўи он амал мекунӣ, зеро аз танҳоӣ метарсӣ дилгир мешавӣ. Пас пушаймон хоҳӣ шуд, вале бесуд. Мебинӣ, ки аллакай дер шудааст.
– Агар фарзанд дар кўи ишқ афтад, кай парвои падар дорад.
– Пас барои чӣ ба тўй шуданат розӣ шудӣ? Ҳоло онҳо интизори рафтани ту ҳастанд, ки тўйро сар кунанд. Ҳеҷ фикр кардӣ, ки ҳоли духтараки бечора чӣ мешавад? Як умр зери кулфат мемонад. Чӣ мехоҳӣ ҳамаро шарманда кунӣ?
– Ман кай медонистам, ки чунин ҳол рўй медиҳад.
Тасодуф. Агар одам медонист, ки кай мемурад, бисёр корҳо мекард. Бадбахтияш низ дар ҳамин аст.

пешина
аз 341
навбатӣ