Сояҳои шикаста

Ин ҳоли ў диламро реш мекард.
Вақт мерафт,- дер мешуд рафтанам лозим буд. Чи тавр меравам. Ин занаки бечора фикри дигар маро аз даст раҳо кардан надорад. Ба ў чи тавр фаҳмонам.
Оё ў ба ман бовар мекунад. Кӣ медонад, вале ман медонам, ки ў ҳеҷ гоҳ маро раҳо нахоҳад кард.
То дер гоҳ, то як ғояти шаб, мо хомўш менишастем. Ў ба ман менигаристу ман ба ў. Ман ҳар чи бештар бо кунҷковӣ ва дақиқ ўро меомўхтам ва синчакорона ба ў нигариста, ҳар ожанг, ҳар ҷои тарҳ рўяшро ба ҳабсхонаи хотирам руст мекардам. Ин вазъ бар дилам зад, намедонам, барои ў то чи андоза аҳамият дошт. Ҳатто як сухан аз лабонамон намекафид.
– Ман меравам. Дер шуд.-
– Чӣ?!- ў як қад парид. Сухан аз лабаш канда шуд ва ранги рўяш чу дока сафед гашт. Аз ин нидои ногаҳонии ў як қад паридам. Пас аз лаҳзае маъюсонаву умедворона, ниҳоят шикастадилона садояш бурун ҷаст.
– Ба куҷо меравӣ? Ин қадар тез? Меравӣ?...
– Овозаш меларзид ва ашк гирди чашмони чуқуррафтааш ҳалқа мезад.
- Андешаҳо бо худ Бо як азоб аз назди ин зан халос мешавад ва ба хона меояд. Ва ба андеша, худ ба худ мемонад. Монандӣ ва кунҷковона бо худ ва падараш ва бо ин занак менигарад ва монандие меёбад.
- Рўзи дигар ў хонаи хоби падарашро мекобад аз он дафтаре чанд сиёҳкарда меёбад.
- Падараш дар дафтарҳо тамоми гузаштаи худро сабт карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё