Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Додо, шерҳоро ба куҷо мебаранд?
Ў, ки хаёлаш ба дигар тараф банд буд, ба гуфтаҳои духтараш он қадар эътибор надод, духтарчааш саволашро дигарбора такрор кард. Ў аз банди хаёлоташ канда шуда «ку» гўён пурсид.
– Ҳо, ана дар он мошинҳои рўпўш. Ба боғи ҳайвонот меравем-а? Ин қадар ҳайвонҳои нав оварданд. Майлаш?
Ў хандида фаҳмонда буд, ки даруни он мошинҳо дигар чиз аст. Духтарча бо як по истода, гуфтаи худро тасдиқ мекард.
– Охир, ҳайвонҳоро дар боғи ҳайвонот даруни панҷара мегиран-ку? Не, даруни ун мошинҳо шеру паланги нав оварданд, ба тамошо меравем-а, додо?
– Охир, дина рафта будем-ку!
– Не, дидед, боз оварданд.
– Онҳо ҳайвон набуданд. Одамонро низ дар мошинҳои қафасдор мекашонанд.
– Чиба? Одам ҳам ҳайвон мешавад?
– Оре, одам ҳам ҳайвон мешавад. Ҳайвони ваҳшӣ.
– Онҳоро баъд ба боғи ҳайвонот мебаранд?
– Не, ба дигар ҷо мебаранд.
– Меравем.
– Не. Он ҷо ҷои ганда аст.
– Одамро мехўранд?
– Ҳо.
– Чиба?
– Барои он, ки онҳо одамони ганда ҳастанд.
Одамро бад мебинанд. Ту ҳам онҳоро бад мебинӣ, ҳамту не.?
– Одамои ганда! Ман онҳоро бад мебинам. Ба он ҷо намеравем. Одамро мехўранд.
Гўё ҳанўз он суханони духтарчааш садо медоданд, ки баданаш ларзид, арақаш пахш карду рангў рўяш чу ранги мурда канд.

пешина
аз 341
навбатӣ