Сояҳои шикаста

Инак дилро ба рўи кафи ту хунфишону нағмапардоз мегузорам, нек гўшаш бикуну қатраҳои чаканаш бар ҳаво дор, эй он, ки бароям аз ҳама бузургиву азизӣ, модари ман, дояи ман, роздору розфаҳми ман, эй хонаи ман!!! Халқи ман, миллати ман, ватани ман, Тоҷикистонам!
Эй ношиносе, ки бароям ноошно мондаӣ, биё, ки ҳаваси дидори ту дорам ва дар ниҳондили худ муҳаббататро мепарварам.
Эй ношиносе, ки бароям ноошно мондаӣ, бароят рўи дафтари поки дил муҳаббатеро, ки нигоштаӣ сабт мекунам, то гузорат бар ин гузар афтоду онро бихонӣ.
Эй ношиносе, ки бароям ноошно мондаӣ, ба ҳар ҷо сурати ҳолам бо нохун метарошам. Ту бар он нақшҳову тарҳҳо назари дақиқ кун, ки хунҳои чакидае дар он нақшҳо хоҳӣ дид. Онро барои ту кашидаам. Эй ношиносе, ки бароям ноошно мондаӣ!!!
Ба рўи себаргаҳои лаби чашма менишинаму ба соқӣ мефармоям:
– Аз он май, ки матонату беқарории дили ошиқи шефта аст, қадаҳам лабрез кун.
– Ту, эй ишқ, ба оташи Намрудам афкан, то чун шахси гунаҳгори бегуноҳ бисўзам.
– Ту, эй шоир, ғазале гўй ба оҳанги Накисо, то чун мори сўхта ба печутоб афтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё