Сояҳои шикаста

Дар сояи ситораҳо
Осмон дар ғуруби хеш
Бо чашми хунолуд
Бо домани хунолуд
Манзили маро ба доми зулмат мекашид
Осмон дар зулмати хеш
Бо чодари сиёҳ
Бо ашки ситораҳо
Бо дамидаи кўршуда
Маро ба фардои дурахшони хеш умедвор мекунад
Оби зулоли чашмаҳо
Дар масири хеш
Шустушў шуд, сабзаҳо
Маро барои як ишқи пок
Татҳир медиҳанд
Паррандагони шохсорони баланд
Аз нағма мондаанд
Онҳо рисолати хешро
Эълом кардаанд:
Парафшондану парвоз кардан
Ва ҳамин аст
Эй асири қуюду ваҳшат
Боре хешро аз ин ваҳшат
Бори хешро аз ин шохсор
Раҳо кун
Раҳо шав.
Хона танг аст, эй Худо
Тангасту тор
Як лаҳза мехоҳам бод будан
Ва ё шаҳре, чу зиндон аст.
Хона танг аст, Худоё
Танг асту нор
Як лаҳза мехоҳам борон будан
Дар диёре ки нахлаш хушкида
Бар дари девораш тор танида анкабут
Шаҳре, ки ҳастӣ мисли латтае
Паси панҷараҳо хушкида
Бе ҳиссу бе ҷону…
Боридан мехоҳам
Вазидан
То ғубор аз ин шаҳри мурда бишўям
Биравам
То таоми фасоду чиркро бо ширк
Дар худам, ки чун қатраи борон
Чун насими покам
Балъам
Балъидани фасодҳо чи сон ногувор аст
Талх аст
Вале ман боронам
Бодам
Мебораму мевазам…
Бар шохсорҳои асиру бар торҳои анкабут.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё