Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Оче, оче, ана ҷингаламў, нигоҳ кун, вай ёфт шуд, ҷингаламў» аз додани модараш мекашид.
– Ҷингилакмў! – фарёд зад писарча ва тарафи сагча давид.
– Ромиз баргард! Бас кун, шўхӣ накун, вай саги девона аст. Мегазад. – Бо аҷала аз паси писарча давид модараш. Вале «Ҷингаламў» писарчаро нашинохта, ҳатто сўяш ғуррид. Модар аз дасти писарчааш дошта боз ба назди дукони ширфурўшӣ баргашт.
– Дидӣ вай сагчаи мо набудааст. Ҷингиламўи мо кайҳо мурда буд.
Аз ин дағалӣ тез пушаймон шуд ва гунаҳкорона ба писарча нигарист. Вале писарча аз раъяш намегашт ва ҳамоно бо исрор мегуфт:
– Дурўғ мегўӣ. Ман вайро шинохтам. Ваӣ «Ҷингилакмўи» мост.Ромиз ғиреви гиря зад. Вале модар дигар нози ўро набардошта бепарвоёна бо пиразане, ки дар навбати шир пеш аз ў меистод, шикоят мекард, «шаҳр пур аз майзадаҳо шудааст ва кас метарсад гоҳу бегоҳ, танҳо ба сайр барояд». Ва пиразан ҳам гуфтаҳои ўро тасдиқ мекард, ки аз «тарси онҳо ҳеҷ намешавад хонаро бе одам гузорӣ». Ва марде, ки дуртар аз ҳамаи онҳо бо шиддат месурфид, фақат «майзада» буд. Барояш таъбири дигареро, ки бояд одамиёна бошад, лоиқ ннамедонистанд: «мйзада!»
Гўё ин ҳанўз аз ҳисси тарраҳум ё ба қавли худашон аз ҳисси башардўстияшон буд, вагарна дар «ҷомеаҳои дигар» (худо медонад кадом ҷомеаҳо) ба чунин тоифаи беаслу насаб, бебунёд ва «суқуткардаи буржуозӣ ё феодалӣ» роҳ нест. Аслан онҳо дар чунин ҷомеаҳо (худо медонад кадом ҷомеаҳо) вуҷуд надоранд, умуман нестанд. Фақат мо ҳастем, ки «муросо» мекунем.

пешина
аз 341
навбатӣ