Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

эҳсоси фардии адиб дар муносибат ба ҳамон рўйдод ба унвони як нафар меросбари унсури фарҳанги
миллӣ ҷилваи равшан касб мекунад. Қисмати аслии
сужаи таърихии дар батни ҳикоят омада ба ҳодисаи буридани дарахти Сарв марбут аст. Ҳарчанд
ин дарахт бо азамату шукўҳ ва бузургии ба худ хос
ба шахсияти пешинаи таърихии миллати мо- Зардушт пайванд мегирад, ки дар қисса ҳамчун мўъҷизаи ў муаррифӣ шудааст, аммо тасвири нависанда
дар рўзи буридани он ба дастури халифа аз ҳолати
пурэҳтироси паррандагони нишаставу соҳиблона дар шохаҳои он, зулати осмон дар рўзи марги
Сарви кишмар, андўҳи мардум муфассири он аст,ки
дар зимни ҳузур ва адами ин дарахт нависанда ба
азамати фарҳанги миллӣ ва тасаллути аъроб бар он
ишорат мекунад. Сарви кишмар киноя аз маҷмўаи
мероси фарҳанги миллии форсӣ, осори безаволе, ки
бар асари ҳамлаи арабҳо тўъмаи оташи фарҳангсўзӣ
гардид, мебошад ва он ҳама ранҷҳо ва зуламоте, ки
рўзи марги ин дарахт осмонро фаро мегирад, таҷассуми дарду андўҳи соҳибназарони мост, аз ҳамон
айём то имрўз. Ҳатто бо тазаккури ин ҳоли маҳзун
ва риққатовар нависанда таассуфи имрўзиёнро низ
мехоҳад ба қалами тасвир дароварад, ки чунин
азамати таърихии фарҳанг ва суннатҳои миллӣ ба
қаъри оташи ҷаҳолат ва адоват рафтааст. Асари ин
ҳодисаро дар замони иттифоқ афтодани он чунин
ба қалам медиҳад, ки хонанда зимни мутолиаи он
воқеан дарду андўҳ вуҷудашро фаро мегирад: «Рўзи
афтодани Сарв тамоми мардум бар Кишмар ҷамъ
омаданд. Вуҳушу туюр, ки дар соя ва шохаҳои он
истиқомат мекарданд, замину осмонро гирифтанд, нолаву афғони махлуқон ба осмон печид.

пешина
аз 341
навбатӣ