Сояҳои шикаста

Ва ҳангоме ки дарахт меафтад, ин парандагон дигар ҷое намеёбанд, ки аз ҳаво фуруд оянд. “Қотилон”-и сарв онро дар чиҳил гардуна бор мекунанд ва барои халифаи Бағдод мебаранд.
Аз таъсири ин достони драматик наққоши Солеҳ, ки фарзанди замони мост, яъне рассоми шўравии солҳои 1970-80 тоблуе меофарад, ки кундаи дарахти азиму қадимӣ дар мобайни он аст ва аз се гўшааш се парбехае руставу ба осмони шишаии паст бархўрдаанд ва сарозер шудаву ранги заҳир доранд. Дар яке аз сўҳбатҳоямон Муҳаммадзамон бо хоҳиши ман ҳар ҷузъи достонро шарҳ дод ва паём ин буд, ки аз решаи буридаи фарҳанги бузурги мардумони эрониасл се кишвари ҷудо рўидаанд, ки ҳар се гирифтори мушкилҳои худанд. Вай бо илҳоми тамом шарҳ медод, ки дар минётурҳои қуруни вусто кунда ё дарахти бурида рамзи чист, лонаи парандагон чӣ маънӣ дорад, ранги зарди баргҳо ва ғайра… Ман фикр кардам, наққоши достон худи ўст ва қиссаро дар таърихномаҳои Толори дастхатҳо хондааст.
Ҳадафи нависанда ҳам аз тасвири ин манзараи таърихӣ ва ҷойгузинии он андаруни ҳикояти хеш ҳамин аст, ки ҳеҷ нерў ва қудрате бо ин ҳама азамат натавониста моро аз худ ва асли худ ҷудо кунанд ва битавонад дарахти чандҳазорсолаи фарҳангу андешаи миллиро аз асл бизудояд. Балки аз решаи ҳамин дарахти бузург аст, ки ба фармудаи худи устод се кишвари эрониасл рўидаанд.
Ин равиши тасвир дар чандин ҳикоёт ва қиссаҳои дигари нависанда идома меёбад ва дар навиштаҳое аз ў чун «Қиссаи шеърҳои хунин», «Сафари ҳаштуми Синдбод», «Ардавирафнома ё сояҳои шикаста», «Дарвеши ҳақиқат» таҷассуми барҷастаи ин шеваи фардии нигориш муҷассам аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо