Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҳузури вай қабл аз ин ҳам ба назар мерасад ва ба
навъе барои нависанда нафарест, ки метавон ҳамаи
фалсафаи зиндагонии инсонро дар иҷрои аъмоли ў
возеҳ намуд ва ҳар ҳарфе,ки андаруни дил чун ҳосилаи маърифати рўзгор кўшиши тавлид дорад, аз
забони вай баён кард. Аз ин лиҳоз, ҳикояти «Дарвеши ҳақиқат» ҳам чун аз забони қаҳрамони марказии он Рустам барои ҳамсараш дар домани торикии шаб нақл мешавад, тавассути ҳамон шеваи
махсуси низоми сохтории таълифи ҳикоя ва тарзи
вижаи муҳоқотофаринии устод Муҳаммазамони
Солеҳ зуҳур мекунад. Ҳарчанд ҳузури дарвеш моро
ба қаламрави дурдасти зиндагонии инсоният тавассути мутолиа ин ҳикоя мекашонад, аммо вақте худи
адиб дар сароғози нақли он аз забони қаҳрамон дарвешро ин гуна тавсир мекунад, ҳатман нафари огоҳ
аз таърихи тасаввуфи исломӣ ба ёди дарвешони тариқати нақшбандӣ меафтад,ки «даст ба кору дил ба
ёр» аз муҳимтарин аркони ирфонии онҳо ба шумор
мерафт: «Буд, набуд, дар замонҳои қадим як дарвеш
буд. Ў ҳамчун хуршед аз танҳогардӣ ба худ ҳамдостоне надошт. Дар кулбаи ҳақиронаи хеш зиндагӣ
мекард. Танҳоӣ рақиби ў. Ҳамеша «даст ба кору дил
ба ёр», гўён аз ранҷи дасти обиладораш рўз мегузаронд».(180)
Бо он ки қаҳрамони ҳикояти андар ҳикояти нависанда нақлшуда дарвешест, ки ба андешаи худи ў
дар тариқати нақшбандӣ қарор дорад, аммо оғози
созгор ба сабки таълифи афсонаҳо то ҷое барои хонанда онро ба сурати афсона даровардааст. Аммо
ҳам дар сабки ҳикояти аслӣ ва ҳам равиши бозгўии
ин нақл таҷассуми каломи шоирона, таъбир ва ибороти хоси шеър таҷассум намуда, услуби нигориши ўро муассиру ҷаззоб намудаанд.

пешина
аз 341
навбатӣ