Сояҳои шикаста

Аз ҷумла, мавҷҳои хунолуди дарёро ба тобиши сурхии шафақ дар рўи рудбора тасвир мекунад. Дар чанд ҷумлаи кўтоҳ ва тасвири як манзарае аз асар мо метавонем, ки ҷузъиёти зиёди ҳунари нависандагӣ, аз ҷумла, тарзи баёни ҳунармандона, ҷилваҳои насри шоирона, манзараофаринии хоса, нақли муттасили воқеот дар паҳнои тасвир ва мисли ин ошно гардем.
Ҳатто ҷумлаҳои аввалини роман бо файзбардорӣ аз ҳунари нависандагӣ ва тасвири зебое шурўъ мешавад ва бешак нависанда ҳам кўшиш дорад, ки бо як нигориши муассир ва ҳунарӣ асарро ҳусни оғоз бахшад:
“Хуршед чун ташти сўхтае паси гареваҳои биёбон пинҳон мешуд. Fизоле, аз хайли хеш вомондае аз паси рўз медавад. Рамаи гургони гурусна вайро дунболагир буданд. Fизол аз ҳол мерафт ва гургон торафт ба ў наздик мешуданд. Онҳо низ хаста менамуданд. Fизол бо охирин тавоне, ке дар рамақи маҷрўҳи худ дошт, худро ба тори гаревае мекашад.
Ва бо умед ба сўйи хуршед менигарад. Хуршед сари гаревае фурў мерафт. Ба назар чунин менамуд, ки Fизол гўё дар дили Хуршед фурў меравад ва ё чун тасвире дар таште мисин насб мешавад. Fизол лаҳзае ором, беҳаракат, хаста ба сўйи Хуршед менигарад ва ба нохост гурге аз гареваи муқобил сар мекашад. Дигар гургҳо ўро аз чор тараф гирд кардаанд.
Роҳи гурезро ба ў бастаанд. Онҳо дигар маросими қурбонӣ иҷро мекунанд, фарёди бехудона мекашанд ва чашмашон чун алмос медурахшад» ( 17).
Дар ҷумлаи аввал шабоҳати хуршед ба ташти сўхта як навъ тасвирест, ки аз тахайули нависанда берун омада.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо