Сояҳои шикаста

як марказ ҷамъ овард.
(Девори Хуросон)
Раҳмдилӣ барои мо беморӣ шудааст. Ва ҳар ки бар мо зулм мекунаду ҷабр, ўро мепарастем ва аъмолашро тибқи фармудаи Худованд тафсир медиҳем.
Магар ҳамин хислати мо набуд, ки муназзаҳтарин дини ниёгонамон ба хурофот табдил ёфт…
(Девори Хуросон)
Баргаштан аз раъйи хеш сирати подшоҳон нест.
(Девори Хуросон)
Расолати ахлоқии фард аз вазифаҳои бешумор ташкил шудааст, ки виҷдон дар хилоли онҳо роҳнамои хатонопазир ба шумор меравад. Аз ин рў ҳар фард расолати ахлоқии воқеии худро дорад ва дар силсилаи ҳамкории амалие, ки рў ба сўи падид оварндани як низоми ахлоқӣ, яъне фармонравоии комили ақл дар ҷаҳон аст, саҳми шахсӣ ба уҳда дорад…
(Девори Хуросон)
Шахсе, ки қасди вафо ба ваъдаи худро надорад ў ба ҷидд иродаи ваъда накардааст, бал ки фақат ба зоҳир ифода мекунад, ки ў қасди анҷоми ваъдаи худро дорад ва он чӣ ба таври ҷидд ў қасд кардааст, фиреб додани дигарон ва раҳонидани худ аз гирифторӣ мебошад…
(Девори Хуросон)
Фақат як амри мутлақ вуҷуд дорад ва он ин аст,
ки фақат бинобар қоидае рафтор бикун, ки ба мўҷиби он дар ҳамон ҳол битавони бихоҳӣ, ки он қоида як қонуни куллӣ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор