Сояҳои шикаста

Парвариши хирад пиёда кардани иродаи озод аст.
(Девори Хуросон)
Ҳамагугна амали зишт аз бедод сар мезанад.
Мардуме, ки қарнҳои зиёд бар зидди бедод мубориза мебурд, имрўз худаш омили бедод шудааст…
(Девори Хуросон)
Башар аз рўзи офариниши ҳазрати Одам то ба ҳол як ҳадаф дошту дорад ва хоҳад дошт: Инсон шудан!
(Девори Хуросон)
Дар манзили дўст аз дўстӣ сухан гўед. Пиндорҳо ба кирдори нек хуш гардонед, ки ин дунё бо ҳама ҷоҳу ҷалолаш нопойдор аст…
(Девори Хуросон)
Ҳар ки ба ном фирефта шавад, ба нон андар монад ва ҳар ки ба нон хиёнат кунад, ба ҷлма дар монад…
(Девори Хуросон)
Сулҳ ҳам як усули ҷанг аст, ба шарте агар ба ин васила хадафҳо бароварда шаванд…
(Девори Хуросон)
Худро раҳондан наҷот нест! Гурехтан бардагист!
(Ганҷи сўхта)
Гулчини А. Амон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор