Сояҳои шикаста

Вақте ҳушёр мешуду ба худ меомад ба Мустафо мегуфт:
– Мустафо, метарсам… Қаторҳо дар умқи ҷангалистони анбўҳ гум мешаванд… не, не, балки ман худам гум мешавам… ва дар умқи ин ҷангалистони анбўҳ роҳгумзада марде ҳастам… Мустафо, ту бигў, ки вақте байни хобу бедорӣ сарҳаде намемонад, ин чӣ аломат аст?! Оё ман ҳанўз девона нашудаам?...
Шояд Мустафо низ ба солимии ў шубҳа дошт, вале чин ба пешонаи танг мезаду китф дар ҳам мекашид, ки маънояш «намедонам» буд. Ва Ивон ҳам дигар бо калимаи «метарсам» иктифо мекард. Дар ҳақиқат метарсид, ки Мустафо аз гуфтаҳои ў чизеро нахоҳад фаҳмид. Барои ҳамин ҳам Лойкро ба сўяш фаро хонда, бо як дарду алам ордену медалҳояшро бар гардани вай овехта, ба сайр мебаромад. Дигар ў машҳуртарин одами шаҳр буд, аз ҳафт сола то ҳафтодсола ўро мешинохтанд: мўйсафеди девона бо сагчае чун гурбаи обиди Шероз.
Ин рафтори ў дар чашми мардум тозагияшро гум карда буд, дигар касеро ба ҳайрат намеовард. Ҳатто бачаҳои шуху бесари майдончаҳои варзиш дигар аз пасаш намедавиданд ва сагчаашро намеолуғданд.
Аслан худаш ҳам пешаш чунин ҳадафе нагузошта буд, ки одамонро ҷалб созаду ба ҳайрат андозад ё бачаҳои шўхро чун девонае аз дунболаш бибарад ва ё нисбат ба сагчааш барангезад. Ҳаргиз не! Худи одамон будаанд, ки аз ин рафтори ў рамўз мегирифтанд, дар он эътирозу исён медиданд. Вале ў фақат ва фақат дар бораи зиндагии чигилафтодааш, миёни хобу бедорӣ раҳгум заданаш меандешид, ҳатто аз ин андешаҳо метарсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё