Сояҳои шикаста

КОБУСИ КОБУС Ё БОЗОРИ ПАШШАҲО
Як субҳи дери рўзи пойизӣ буд, ки Аҳмад Ниё аз хоб бедор шуд. Сараш, балки даруни сараш варам кардаву аз дард ба садо омада буд. Дар саропои вуҷудаш як каҳолати гаронборро эҳсос менамуд, ки то рафт сангинтар мегардид. Ҳатто эҳсос мекард, ки барояш андешидан ҳам вазнин шудааст: ҳарфҳову мафҳумҳо даруни ҷамҷамааш мунҷамид шудаанд.
Пилкҳояш ба ҳам часпидаанд, балки даруни ҳам реша давонидаанд, мисли захме ки ба ҳам меояду сиҳат мешавад. Ў аз хилоли ин пилкҳои ба ҳам васл шуда фақат як сурхии беоғозу бепоёнро медид, чунончи дунё даруни дарёи хун ғарқ шуда ва ё аз рўзи азал ба ранги хун буда бошад. Бо кароҳат аз ин ҳавои хунолуд, балки ҳавои бо ранги хун сурх нафас кашид: аҷиб, он чунон ки аз пеш пиндошта буд, ин ҳаво бўи бад надошт, факат рақиқ буд. Ў як лаҳза пеши худ тасаввур кард, ки чӣ сон ин ҳавои хунгун ракик даруни найчаҳои ҳавогузари шушаш мерезад ва боз дубора аз даҳону бинияш ба суръат фаввора мезанад, ба мисли оташфишонҳо берун меҷўшад, сўзон аст. Ў ҳоли худро ташхис додан наметавонад:
ҳама чиз иваз шудааст, балки дигар шудааст, нек ё бад ҳанўз намедонад. Гўё ў дар моварои ин неку бад қарор дошта бошад. Ў бо тамоми ҳавсала хавосашро ба як нуқта мутамарказ месозад. Ба як низом тапидани дилашро мешунавад. Ҷуз ин тапиш садое вуҷуд надорад, хона хомўш, шаҳр ором гирифтааст. Дигар дар кўчаву хиёбонҳо аз паси худ сар дода дуди ғализро, мошинҳо бо мутури тракторҳо коҳилонаву пурсадо ҳаракат намекунанд, балки он ҷо низ аз садо афтодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё