Сояҳои шикаста

Ў тасмим мегирад, ки ҳанўз рўз наёмадааст, пас ҳанўз шаб аст. Ва шаҳр дар бистари хомўшии хеш...
Аҳмад Ниё чанд лаҳзаи дигар бо хавоси тамом гўш ба қимор сўйи кўча мунтазир мемонад, то...
худо накунад, ки ин хомўшӣ, ин оромӣ низ ба мисли эҳсоси субҳи дурўғин фиребо бошад!
Аз берун, аз сўйи кўча бо садои паст виз-виз вазидани боди пойиз меояд. Аз таҳаққуқ ёфтани эҳсосаш шод мешавад. Пас гумони ў аз як оромӣ, аз як хомўшии ҳукмрон бар шаҳр воқеъият доштааст. Ихтилоли андешаву хаёл набудааст, аз фишори баланд бо садо даридани садопардаҳои гўш набудааст. Воқеъият чӣ сон заннбарангез мешавад! Вақте мардумон ба дурўғ одат мекунанд ё худро ба чизҳои беарзиш,- беасолат парвариш медиҳанд, ҳамин хел мешавад, заннбарангез! Шубҳаовар! Дар ин гуна мавридҳо ҳатто инсон бо эҳсосоти отифии хеш бовар намекунад. Ҳамон вақт аст, ки бузургтарин чизҳо дар зиндагӣ рух медиҳанд... Ҳамон вақт аст, ки дурўғ, беимонӣ, бадаслӣ, баддинӣ таҳаққуқ меёбад ва мардум нобаҳақ ба рўзӣ ва моликияти дигарон тасоҳиб мешаванд. Алҳол шодии Аҳмад Ниё поён надошт:
Оромии аз шаҳр ба яғмо бурдаро баргардондаанд!
Дигар даруни ин шаҳри оромёфта фақат бод аст, ки садо медиҳад, ба сарвақти худ гардиш мекунад.
Шаҳри ғариб!
Аҳмад Ниё дигар аз эҳсоси қаноатмандии хеш аз ҷойгаҳи нарми рахти хоб ҳавсалаи хестан намекунад. Ҳануз барвақт аст! Лаҳзаи дигар... Дигар метавон ба осудагӣ, бе ташвишу изтироб хоб рафт. Мисли Обломуф... Вале ҳайҳот, аз дарди сару гаронии ҷисм хобаш намебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё