Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Малкушон! Се сол муртакиб ба барфу борон, зимистони сарду тобистони сўзон хоҳед шуд. Фоҷиаи шумо хеле хунин аст. Замини Аҳуроофорида аз амали шумо ба нолиш аст. Шумо дар хостҳои худ комёб нахоҳед шуд...»
Мўйсафед дигар лол шуда буд. Бо тамоми вуҷудаш меларзид. Ў наметавонист ташхис бидиҳад, ки ин ҳаяҷонаш аз тарс аст ё аз шодӣ. Ва ё ў таконаш медиҳад? Оре, оре, ўст, ки таконаш медиҳад. Аз идроки ин воқеият ба риққат омад, гирист, хост забон ба шиква бикшояд, аз ҳоли зори хеш, аз кушта шудани фарзандонаш, набераҳояш ҳамчун Кова додхоҳӣ кунад, вале кайҳо аз ҳаво раҳо шуда буд. Ва чун пари коҳе асири сарпанҷаи боди сарди шимол чарх мезад.
Тундар меғуррид ва барқ чун тири хасмкуши Рустам аз бараш мегузашт. Кўҳҳо медариданд, замин мекўчид, рўдҳо маҷрои худро тағйир медоданд. Ў беилоҷ буд, фарёд задан мехост, истиғоса кардан мехост, вале забонаш гўё набуд, балки онро надошт. Бадард меандешид: «Ин хашми Баҳром аст... Ин имтиҳон аст! Фақат Самъон медонад...»
Раъд меғуррад: Малкушон!
Барқ медаррад: Малкушон!
Кўҳҳо меҷағанд: Малкушон!
Замин мекўчад: Малкушон!
Боди Шимол фарёд мезанад: Малкушон!
Аз ин аҳвол фақат оҳангар огоҳ аст.
Ва мўйсафед дар сел фурў меафтад, ғарқ мешавад... Ўро сел мебарад. Деҳро сел мебарад. Ва мурдаҳо рў-рўи оби гилолуд шино мекунанд. Дигар на ў вуҷуд дораду на деҳу на гўристон. Ҳамаашро сел мебарад. Ў миёни сангу чўбу гилу лою мурдаҳо бо талвоса дасту по мезанад.

пешина
аз 341
навбатӣ