Сояҳои шикаста

– Не, онҳоро ба худат дор, вақте ки дигар гиря накунӣ ва ҳамеша хандиву бозӣ кунӣ ва суруд хонӣ, онҳоро мегирам.
– Рост?!
– Ҳо. Қавл деҳ, ки дигар гиря намекунӣ
– Қавл медиҳам, очаҷон.
Модар якбора аз назар нопадид гашт.
Боз дили Яздонпараст пур гашт, хост гиря кунад, вале тарсид ки модараш меранҷад, оҳиста фарёд кард:
– Оча, куҷо рафтӣ? Маро ҳам бубар.
Ҷавобе нашунид. Офтоб нишаст. Тарсид. Талх гирист ва ғаш намуд. Дар торикии беинтиҳо танҳо меистод, дилаш пурҳарос ва ашкаш резон. Ба хотираш омад, ки мегиряд. Боз аз пештара зиёдтар тарсид, ки дигар модараш намеояд ва гулҳои ўро намегирад. Баланд, бо тамоми қуввааш хандид ва аз барқи хандааш дили шабистон пора гашту офтоб баромад. Аз шафақи рўшноӣ чашмонашро бо кафи даст пўшид ва ба пушти даст онҳоро молид, то ки боз хубтар бинад. Дар ҳамин ҷо ў бедор гашт ва аз хоби дидаи худ тарсиду аз ҷояш парида хест. Ў то дергоҳ лаҳзаҳои беҳтарини дар пораҳои нафису нозуки хаёл боқимондаашро ба хотир овард. Дилаш торафт бо ким чӣ хел шодии ниҳонӣ ва фараҳи номаълуме пур мешуд ва оҳиста-оҳиста табассуми ширине дар лабаш пайдо мегардид ва чеҳраи дар тўли солҳои дароз туршгардидааш кушод. Ў гумон кард, ки гўё ҳамин сония ба дунё омадааст ва ҳама чиз ба назараш нав намуд. Дилаш ба шўр омад ва аз шодӣ болиду аз ҷояш бо як сабукӣ ва чаққонӣ, ки ҳеҷ гоҳ онро ҳис накарда буд, парида хест ва бо овози баланд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё