Зеҳн
Робиъаи Балхӣ

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 28 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ашъори ғиноии Робиъаи Балхӣ оҳанги зани оҷизе, ки аз як тараф, дар оташи ҳиҷрон месӯзад ва аз тарафи дигар, дар шароити номусоиди зиндагӣ, дар зери бори ғаму кулфатҳои нописанд бо ҳар мушкилоти рӯзгор кӯшиш, муборизаву талош мекунад, намоён мегардад.

Ишқи ӯ боз андар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

Ишқ дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд?!

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.

Дар сурудаҳои дигари Робиъаи Балхӣ, ки бо
вуҷуди бетахаллусӣ дар шакли ғазал аст, ба ишқи
ӯ нобоварии ошиқ ва изҳори садоқат кардани вай
акс ёфтааст. Аз эҳтимол дур нест, ки Бектош дар
аввалҳо ба ишқи хоҳари амир Ҳорис бовар

пешина
аз 28
навбатӣ